Суғд: гусели зиёда аз 800 наваскар ба хизмат
Б.Ғафуров, 4.04.2014. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Шурӯъ аз 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар ин робита имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад.
Чунин як чорабинӣ дирӯз дар хиёбони марказии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд доир гардида, зиёда аз 800 нафар аввалин ихтиёриёни шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар ба хизмат фиристода шуданд.
Дар маросими гусел масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолону ҷавонон ва волидайни наваскарон иштирок намуда, зикр карданд, ки хидмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба қисмҳои ҳарбии мамлакат дар маъракаи даъват аз вилояти Суғд зиёда аз 2 ҳазор ҷавон сафарбар мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






