Суғд: Истеҳсоли гӯшт ва шир афзудааст
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- То ҳолати 1-уми апрели соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷадоргӣ 9555 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2014- ум 8,4 фоиз зиёд мебошад.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт — 27,1 фоиз, Конибодом — 15 фоиз, Исфара — 11,2 фоиз, Б.Ғафуров — 8,8 фоиз, Айнӣ — 6,2 фоиз, Шаҳристон — 4,6 фоиз ва Мастчоҳ — 3,8 фоиз зиёд намуданд.Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад,дар вилоят 59355,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз зиёд аст.Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод — 9,2 фоиз, Ғончӣ — 8,4 фоиз, Конибодом — 5,6 фоиз, Мастчоҳ — 5,3 фоиз, Исфара — 3,5 фоиз, Айнӣ — 2,9 фоиз ва Истаравшан — 2 фоиз афзудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






