Суғд: таъсиси 28 коргоҳи нав аз оғози сол
Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд аз 170 коргоҳи мувофиқи нақша дар соли равон сохташаванда, алъон 28 коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд, ки аксари он корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабук ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина дар вилоят бунёди як силсила корхонаҳои калон, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол бо маром идома доранд. Ҳамчунин корҳои танзимиву озмоишӣ дар коргоҳи дуюми заршӯйии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан ҷараёни хуб дошта, натиҷаҳои аввалини мусбат ба даст омада истодаанд.
Ҳамзамон аз оғози сол дар умум аз ҷониби коргоҳҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 905,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ вилояти Суғд аз рӯйи суръати рушди саноат, ки он соли равон бо нархҳои муқоисавӣ ба 127,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 122,7 фоиз баробар шудааст, дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро касб намуд. Вобаста ба ин ҳиссаи саноати вилояти Суғд дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 36% баробар гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,6 ченаки фоизӣ зиёд аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






