Суҳбат бо ҷавонон дар атрофи пойдории оила
Душанбе, 10.04. 2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 8 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Иброҳим Мирзоев ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева бо донишҷӯён ва устодон доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов иброз намуд, ки вохӯрии мазкур дар партави Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 гузаронида мешавад.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Иброҳим Мирзоев дар мавриди мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ибрози ақида намуда, афзуд, ки нақш ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон аз он мушоҳида мешавад, ки имсол барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бахши иқтисодиёт 11 кор пешниҳод шудааст.
Мушкилии ҳалталабе, ки имрӯз фазои солимии ҷомеаро коҳиш медиҳад, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон буда, шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад,- гуфт намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд ва хеле нигаронкунанда аст. Мақсади эълон шудани соли 2015 ҳамчун Соли оила ин устувории оилаҳо, эъмори ҷомеаи солим, арҷгузорӣ ба зан-модар ва тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳоеанд, ки диққати доимии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилот ва кулли аъзои ҷомеаи моро барои иҷрои он ҷалб месозанд, гуфт мавсуф.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






