ТҶММ — як ҷузъи раванди рушди миллӣ

Апрель 23, 2015 14:15

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ Анҷумани 6-уми Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, инчунин ҳайатҳои намояндагии созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд. Дар Анҷуман бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи овоздиҳии кушода аз ҷониби вакилон генерал-майор Файзалӣ Лангариев ба вазифаи раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои заминаи мустаҳками моддӣ — техникӣ, анъанаҳои пуршарафи тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ буда, ҳамасола барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан сафарбар менамояд. 

Апрель 23, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд