Тағйирот дар реҷаи кори КМТ
Душанбе, 4.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар партави дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайати Шӯрои илмиву методии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) қарор қабул шуд, ки аз 1 апрели соли равон реҷаи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба давраи тобистон мутобиқ гардонида шуда, соати кории кормандони китобхона то соати 22.00 дароз ва рӯзи душанбе рӯзи истироҳат эълон шавад.
Дар робита ба ин тағйирот тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ кардани нақшаҳои нав ба Китобхонаи миллӣ як автобус барои 44 ҷойи нишаст ҷудо шуд, ки он барои хизматрасонии кормандон дар басти дуюм истифода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






