Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе
Душанбе, 3.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар шаҳрдории Душанбе тағйироти кадрӣ ба амал омад. Бо Қарори марбутаи шаҳрдорӣ Ҷамшед Мансуров аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» таъин гардид. Инчунин собиқ сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» Низомуддин Холматов директори Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ» таъин шуд.
Ҳамзамон Фозил Буриев, ки то ин вақт мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш барканор гардида, инчунин Нуриддин Қурбонов — сардори Муассисаи давлатии истифодабрии роҳҳои ноҳияи Сино таъин шуд, у қаблан дар вазифаи директори КВД «Роҳсоз» фаъолият дошт.
Инчунин Мамадназар Мамадорифов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе» озод шуда, ба ин симат Абдулхайр Алиев таъин карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






