Тақдими техникаи кишоварзӣ ба навоҳии Хатлон
Душанбе, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамоҳангсозӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси зерлоиҳаҳои аз ҷониби ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ пешниҳодгардида ба ноҳияи Муъминобод 12 адад трактори тамғаи МТЗ, як адад нақлиёти борбардор, 10 адад испор, 8 адад ядак ва 74 адад сихмола, барои ноҳияи Шӯрообод 8 адад трактори тамғаи МТЗ, 4 адад ядак, 8 адад испор, 2 адад ғаллакӯбак ва 28 адад сихмола дастрас гардида, барои истифода супорида шуд. Инчунин ба ноҳияи Темурмалик 14 адад трактори тамғаи МТЗ, 13 адад ядак, 14 адад испор, 5 адад ғаллакӯбак ва 34 адад сихмола супорида мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо боз дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа корҳои зарурӣ амалӣ шаванд, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои асосии лоиҳаҳо — мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, инчунин тараққиёти устувори захираҳои замин, рушди инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ буда, ба ҳадафҳои асосии давлату ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мувофиқат менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






