Тақвияти эҳсоси ватандорӣ миёни сарбозон
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Барои мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват дар баробари гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин як самти фаъолияти онҳо ин пайваста хабар гирифтан аз аҳволи фиристодагони худ дар қисмҳои ҳарбӣ мебошад.
Чанде пеш вохӯрии раисони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи яке аз қисмҳои низомии гарнизони Хатлон доир гардид. Дар вохӯрӣ раисони шаҳру навоҳии вилоятро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ҳамроҳӣ дошт. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки тасмими ташкили вохӯрии раисони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хизматчиёни ҳарбӣ асосан дар доираи дастуру супоришҳои раҳнамунсози роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ мешаванд.
Ҳангоми суҳбати ошкорову самимӣ вобаста ба вазъи сиёсиву низомии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ ибрози назар шуд. Дар ин замина, бо далелҳои мушаххас ва мисолҳои зиёд таъкид гардид, ки дар натиҷаи камсаводӣ, фирефтагӣ ва гумроҳӣ, мутаассифона, баъзе аз ҷавонон ба созмону ташкилотҳои ғайриқонуниву ифротгароӣ шомил мешаванд, ки он боиси нигаронӣ аст.
Аз ин рӯ, таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди ба ору номус, пеш аз ҳама, бояд ба қадри зиндагии осоишта расида, аз сулҳу суботи ҷомеаи имрӯза, пешравиҳои назарраси Тоҷикистони маҳбуб, ки ин ҳама неъматҳои бебаҳои давлати соҳибистиқлол мебошанд, шукрона намояд, онро муқаддас шуморад ва барои муҳофизаташ доимо омода бошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






