Таҳдиди «Давлати исломӣ»
Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Твиттер» силоҳбадастони гурӯҳи «Давлати исломӣ» таҳдид кардаанд, ки ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001-ум дар ИМА рухдодаро такрор менамоянд. Гуфта мешавад, ки намояндагони гурӯҳи «Давлати исломӣ» низ изҳор доштанд, ки онҳо мошинҳои ҳомили таҷҳизоти тарканда ва шахсони маргталаби худро ба Амрико таҳвил медиҳанд. Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарии дохилии Авсралия ҳафтаи равон дар яке аз фурудгоҳҳои минтақаи берун аз шаҳри Мелбурни Австралия ду ҳавопаймои хурди якмуҳаррика бо ҳам бархӯрданд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса панҷ нафар сарнишинони ҳавопаймоҳои хурд ҷароҳати вазнин бардоштанд. Табибон вазъи саломатии онхоро вазнин арзёби мекунанд. Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бино ба маълумоти дафтари Созмони Милали Мутаҳид буҳрони сиёсии Сурия, ки зиёда аз 4 сол боз идома дорад, дар пайи худ садҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Ва гуфта мешавад, ки 9 миллиону 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Сурия, ки 40 дарсади шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ба кумакҳои хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Дар айни замон вобаста ба нооромиҳо дар Сурия кӯдакону наврасон аз таҳсил маҳрум монда, барои дарёфти воситаҳои ҳаёт ба корҳои ғайр ҷалб мешаванд ва онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ оворагардӣ менамоянд. Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибтқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дар баъзе штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирдбоди шадид ва тундбод ба амал омада, ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ мушкилоти зиёдро пеш овардаанд. Аз офати табиӣ асосан штатҳои Илинойс, Огая, Миссури ва Канзас зарар диданд. Дар ҷои ҳодисаи рухдода шаҳраки Фейрдел пурра хароб гардида, як нафар ба ҳалокат расида, даҳо нафари дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. Бояд гуфт, ки як силсила биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва иншооти дигар вайрону валангор шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






