Таҳкими ҳамкории ИДМ дар бахши амнияти иттилоотӣ
Душанбе, 8.04.2015.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).- Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ҳамкориро дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ тақвият мебахшанд. Дар иртибот ба ин 8 апрел вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ карда, ба тасвиб расониданд.
Сӯҳроб Паноев-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ зимни шарҳи санади мазкур гуфт, ки созишномаи мазкур дар асоси қоидаҳои изҳороти муштараки давлатҳои иштирокдорони ИДМ ҷиҳати иҷрои дастурамалҳо, Консепсияҳои ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ки моҳи октябри соли 2008 бо қарори Шӯрои сарони ИДМ тасдиқ гардидааст, таҳия шуд. Созишнома аз дебоча ва 15 модда иборат буда, дар он зарурати таҳия ва ба имзо расонидани созишмнома ва масъалаҳои ҳамкорӣ пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд. Моддаи якуми ин санад гузаронидани чорабиниҳои муштараки мувофиқашударо барои таъмини амнияти иттилоотӣ талаб менамояд.
С. Паноев гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд миёни кишварҳои ИДМ баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон вазъияти мураккаби сиёсӣ- ҷамъиятӣ, дар шароити муосир пурзӯр гардидани созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноятӣ зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бо ин падидаи манфӣ ба миён овардааст. Фаъолияти минбаъдаи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, ки дар доираи талаботи ин санад ба роҳ монда мешаванд, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд, пешгирии ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир.
Бояд тазаккур дод, ки созишномаи мазкур 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт — Петербурги Русия аз ҷониби сарони ҳукуматҳои ИДМ ба имзо расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






