Таҳлили оқибати пайвастани Тоҷикистон ба ИАО
Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» ).- 18 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби мубоҳисаи донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ дар мавзӯи «Таҳлили оқибати пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Итиҳоди иқтисодии Авруосиё» баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ бо ибтикори намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Бунёди рушди «Институти таҳқиқи Авруосиё» дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Дар кори ҷаласа донишҷӯён, намояндагони Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода иштирок менамоянд.
Мақсад аз роҳандозии мулоқот на фақат ҷалби таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба масоили дохилии сиёсӣ ва байналмилалӣ, балки ташаккули диди сиёсии насли ҷавон, мутаҳид сохтани ҷунбиши ҷавонон бо усули барқарор намудани равобити байни донишкадаҳои олии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ мебошад, ки ин, дар навбати худ, ба тарҳрезии стратегияи умумӣ ва ҳамгироии минбаъдаи байни кишварҳо мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






