Таҷлили Наврӯз дар ДТҶТ
Душанбе,06.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 4-уми апрел дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (ДТҶТ) ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд.
Ректори донишкада Шодӣ Сафаров дар бораи дастовардҳои донишҷӯёни ин мактаби олии варзишӣ, ки таърихи 44-сола дорад, гуфт: «Дар айни ҳол дар панҷ факултаи донишкада беш аз 5700 донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар айни ҳол беш аз 50 нафар донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохил аст ва бархе аз онҳо дар мусобиқоти мухталифи қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ муваффақ гаштаанд. Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон шогирдони мо Расул Боқиев дар риштаи дзюдо ва Мавзуна Чориева дар риштаи бокс соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ гардиданд.”
Ҷашни Наврӯз бо ширкати ҳунармандони маъруфи тоҷик ва ҳаваскорони санъати донишкада бошукӯҳ гузашт. Дар маърака инчунин бо дастгирӣ ва кумаки молии раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ тӯйи арӯсии як ҷуфт ҷавон ва хатнатӯйи 16 нафар кӯдак барпо гардид ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим шуданд.
Сипас беҳтарин варзишгарон — донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар намудҳои гуногун, ба мисли дзюдо, вазнбардорӣ, чавгонбозӣ, батут, футбол, волейбол, шоҳмот, асптозӣ ва намудҳои мухталифи якҳарбаи шарқӣ ҳунари худро намоиш доданд. Ҳамчунин сабқати гӯштини миллӣ баргузор шуд ва ғолибон бо туҳфаҳо мукофотонида шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






