Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар Суғд
Хуҷанд, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 15 майи соли равон дар миқёси вилоят Рӯзи байналмилалии Оила таҷлил мешавад.
Тавре ки сомонаи расмии роҳбари вилоят иттилоъ медиҳад, қарори мазкур 22 апрели соли ҷорӣ ба тасвиб расида, мақсад аз ҷашнгирии ин рӯз -пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи оилаи солим ва маърифату одоби оиладорӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон буда, дар доираи таҷлили Рӯзи оила дар қаламрави вилоят баргузории силсилаи чорабиниҳо, чун машваратҳои минтақавӣ таҳти унвони «Солимии ҷомеа аз пойдориву устувории оила» ва вохӯриҳо дар мавзӯи «Оила — мазраест поку муқаддас» бо оилаҳои намунавӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






