Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 28.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Хайруллоев Насрулло аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Назаров Бурҳон Маъруфович ва Мансуров Ҷамшед Мақсудович аз вазифаи муовинони раиси шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, Қурбонова Руқия Атоевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод гардиданд.Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Лангариева Ҷамила Салмоновна, Мақсудзода Шуҳрат ва Самадов Шакарбек Додхоевич ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






