«Таронаи Душанбе» дар ДМТ
Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар», Моҳинави Наврӯз).-Ҳамасола дар шанбеи сеюми моҳи апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин санаи таърихӣ миёни донишҷӯдухтарони эҷодкор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфил-озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Таронаи Душанбе» баргузор гашт.
Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯёни ДМТ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявӣ, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ширкат варзиданд.
Ҳадафи маҳфил-озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Таронаи Душанбе» пешниҳоди беҳтарин суруди идона дар васфи Душанбе буда, асосан маҳорати донишҷӯдухтарон дар эҷоди ин гуна шеърҳо санҷида шуд. Дар ҷамъбасти маҳфил ба ҳамаи донишҷӯдухтарони навқалам армуғонҳо ва китобҳои бадеӣ туҳфа гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






