Тарроҳи беҳтарин дар Конибодом
Хуҷанд, 29.042015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба эълони Соли 2015 соли оила ва дар санаи 15 май таҷлили рӯзи байналмиллалии оила бо ибтикори мақомоти шаҳрӣ, шуъбаи фарҳанг ва соҳибкорон-дӯзандагонӣ маҳаллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи оиладорӣ ва фарҳанги миллӣ, аз ҷумла либоспӯшӣ ва ҳамчунин ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони маҳаллӣ озмуни Тарроҳи беҳтарин баргузор хоҳад шуд.Тавре ки аз маркази матбуоти мақомоти шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар доираи баргузории чорабинии мазкур, дирӯз дар коллеҷи омӯзгории шаҳр чунин озмун доир гашт, ки дар он маҳсули ҳунари дӯзандагии ду нафар тарроҳи ҷавон, яъне муҳассилини коллеҷи номбурда Фарзона Мирзоева ва Фарангис Исоева пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар озмун аз ҷониби як иштирокчӣ 8 намуд ва аз дигарӣ 12 намуд либоси милливу аврупоии дӯхтаи онон ба намоиши ҳакамон ва тамошобинон гузошта шуд. Бояд гуфт, ки даври аввали озмуни «Тарроҳи беҳтарин» алъон дар муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷҳои шаҳр оғоз гардида, он моҳи май дар арафаи ҷашнгирии рӯзи оила ҷамъбаст мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






