Ташрифи коршиносони чинӣ ба Тоҷикистон
Душанбе,27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-24 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ёрдамчии вазир- Лю Юезин доир ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ташриф овард. Ба ҳайати вакилон инчунин роҳбари Департамент оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, муовини роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва як зумра ҷузъу томҳои вазорат шомил буданд.
25 апрел ҳайати вакилони ВАҶ ҶМЧ аз Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дидан намуд.
Дар вохӯрӣ директори агентӣ Рустам Назаров оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар дар минтақа иттилоот дод, инчунин бо сохтори агентӣ, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, оид ба ҳамкории муштарак бо Вазорати амнияти ҷамъияти Чин шинос намуд.
Роҳбари агентӣ иттилоъ дод, ки байни агентӣ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин як силсила амалиёти бобарор анҷом ёфт, ки ин заминаи мустаҳкам барои давом додани ҳамкорӣ мебошад. Р. Назарзода пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни АНМН ва ВАҶ ҶМЧ ҳамкории дутарафа дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.
Роҳбари ҳайати вакилони Чин пешниҳодҳоро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, мубодилаи ҳайати вакилон, созмон додани алоқаи мустақим байни идораҳо ва мубодилаи иттилоот баррасӣ намуд. Ӯ инчунин зикр намуд, ки тарафи чинӣ омода аст ба Тоҷикистон коршиносонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар равон намояд.
Тарафҳо қарор доданд, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалиёти муштараки зиддимухаддиротии фаврӣ-пешгирикунандаро бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ва прекурсорҳо аз Чин ба Тоҷикистон гузаронанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






