Таъсиси филиали нави бонкӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 25.04.2015 (АМИТ «Ховар» Фарҳод Мадаминов).- Дар шаҳри Кӯлоб зерташкилоти «Имон-интернейшнл» ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини директори генералии ҶСП «Имон интернейшнл» ва роҳбарону кормандони бонкҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд. Ташкилоти хурди қарздиҳӣ ва амонатгузорӣ дар давоми фаъолияти начандон тӯлонии худ тавонист беш аз 200 нафар мизоҷро муттаҳид сохта, сандуқи қарзии он 1 миллион сомониро ташкил медиҳад ва маблағҳои амонатгузошта ба 340 ҳазор сомонӣ расидааст. Мақсади асосии филиали навтаъсис бештар додани қарз барои соҳаи аграрӣ, шароити манзили зист, рушди соҳибкории хурду миёна ва дигар самтҳои манфиатбахш ба сокинон мебошад. Дар ин замина барои 30 нафар ҷои нави корӣ муҳаё гардидааст. Ҷамъияти саҳомӣ ният дорад, ки филиалҳои хурди худро дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таъсис диҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






