Таъсиси корхонаи хурд дар Ховалинг
Ховалинг, 04.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи Ховалинг бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкор Сулаймон Ширинов дар маркази ноҳия сехи хурди дуредгарӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ мавриди истифода карор гирифт. Дар айни замон дар ин коргоҳ намудҳои гуногуни асбоби рӯзгор ва дару тиреза сохта шуда, пешниҳоди харидорон гардонида мешавад.
Дар коргоҳ панҷ нафар бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамарӯза бо дархости мизоҷон масолеҳи сохтмонии рӯзгорро омода месозанд. Бо афзоиши талабот ба тирезаҳои пластикӣ сохтани ин намуди тирезаҳо бо андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор мақсад дорад коргоҳро васеъ намуда, шумораи коргаронро се баробар афзоиш диҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






