Таваҷҷуҳ ба забони русӣ меафзояд
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба хонандагон як соат бештар аз фанни забони русӣ дарс дода мешавад.Тавре ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, соли 2004 Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004- 2014 таҳия ва қабул гардид.Тавассути ин барнома бештар бо Вазорати маориф ва илми Русия ҳамкорӣ кардем. Бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии ҷумҳурӣ давраҳои семоҳаи бозомӯзии омӯзгорони фанни забони русӣ ташкил гардид. Китобҳои методию дарсӣ омода шуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас гардиданд. Ин барнома даҳ сол амал кард ва марҳалаи аввали он соли 2014 ба поён расид, ки на ҳамаи бандҳои барномаи қаблӣ пурра иҷро шуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи ин барнома барои хонандагони синфҳои болоӣ, ки қаблан аз фанни забони русӣ 3 соат дарс мегирифтанд, акнун як соати дигар илова шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






