Таваҷҷуҳи ҷавонон ба Осорхона

Апрель 3, 2015 15:30

    Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Ҳамасола дар кишварҳои пешрафтаи сайёра соле як маротиба барои тамоми хоҳишмандон, алахусус ҷавонон дарҳои кушод дар осорхонаҳо боз мешаванд. Осорхона як воситаи  бархурдор намудани шахс аз таърихи бою ғании  ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, сол аз сол  таваҷҷӯҳи  ҷавон бояд ба он бештар бошад. Ба осорхона  нарафтани насли наврасу чавонон шояд аз хавас надоштан ва ё бетаваҷҷуҳӣ кардан нисбат ба таъриху фарҳанги ниёгони худ бошад. Мо  тасмим  гирифтем, назари чанде аз ҷавонон ва коршиносонро дар ин масъала пурсон шавем. 
Ба Осорхона рафтан хусусан барои ҷавонон хеле муфид аст, мегўяд Бадриддин Хайриддинзода, донишҷўи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, ки худ низ ба Осорхона меравад, зеро ба ақидаи ў осорхона заминаи  аслии худшиносӣ ба ҳисоб меравад: «Мо донишҷӯён бояд вақти худро дареғ надошта, бояд ба осрхонаҳо рафта, аз фарҳанг, таърих, тамаддун ва бойгониҳои таърихи миллати хеш  огаҳӣ пайдо намоем».
      Фурўғ ном донишҷўи  ДСРТ  мегўяд, рўзҳои истироҳат бештар ба осорхона  рафта, аз таърихи гузаштаи хеш бархурдор мегардад. Ў гуфт таваҷҷўҳи  ўро хусусан  анъанаҳои  халқи  тоҷик аз қабили либосхои милли, зару зевар  ва дигар ашёҳои қадимӣ ҷалб  кардаанд:  «Тамоми маводе, ки таърихи миллати мо дорад, дар он ҷо мо пайдо карда метавонем.  Аз ҷумла,  дидани кори рассомон  бароям писанд аст».
      Аз назарпурсие, ки дар байни ҷавонон анҷом додем, бармеояд, ки як гуррӯҳ ҷавонон бар он назаранд, ки барояшон рафтану омӯхтани таърих он қадар ҷолиб нест ва масъулонро мебояд дар ин самт корҳои махсуси фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ  кунанд.  
     Раъно як донишҷӯ мегӯяд,  барои  ҷалби  бештари  ҷавонон ба Осорхона бояд  пеш аз ҳама  ҷавонон аз дарси  худшиносӣ дар  муассисаҳои  таълимӣ пурра воқиф бошанд: «Ҷавононро дар рўҳияи баланди ватандўстӣ  бояд омўзгорони  мактабҳову  донишгоҳҳо  тарбия намоянд».
      Қутбиддин  Мухторӣ- устоди  ДМТ  дар ин робита гуфт,  онҳо  барои ҷалб кардани  таваҷҷўҳи   донишҷўён  пеш аз ҳама кўшиш мекунанд, то  шумораи  дарсҳои  хештаншиносиро  бештар кунанд: «Пеш аз ҳама онҳоро мо  бо донишҳои  таърихӣ  мусаллаҳ  гардонем. Фанҳои таърихшиносӣ бояд зиёд гардад. Як маротиба бояд устодон бо ҳамрҳоҳии донишҷуён ба осорхона раванд ». 
     Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои зиёд намудани тамошобинон аз ҳисоби ҷавонон  нақшаҳои  нав ба роҳ монданӣ аст, иброз дошт Асадуллоҳ Шарипов — мудири шуъбаи экскурсиони — оммавии Осорхонаи мазкур: «Дар ин сол мо барномаҳоеро амалӣ менамоем, ки барои  ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳои  таълимии  олии  кишвар, чӣ муассисаҳои миёна ва чӣ муассисаҳои олӣ бошад».
Гуфта шуд,  дар соли 2014 аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи экскурсионӣ ва оммавӣ ва дигар кормандони шуъбаҳои экспозитсионӣ 664 экскурсия барои мехмонони дохилию хоричӣ гузаронида шуд, ки теъдоди умумии тамошобинон 8442 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи тамошобинони дохилӣ 6934 нафар ва шумораи тамошобинони хориҷӣ 1508 нафарро ташкил  медиҳад. Дар соли 2014 нисбат ба соли гузашта 66-экскурсия бо иштироки 1038 тамошобин зиёд гузаронда  шудааст. 
 
Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон рӯзи 5 апрел рӯзи дарҳои кушод дар тамоми осорхонаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки  он барои ҷавонон  ройгон  аст.
 

Апрель 3, 2015 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт