Тавилдара: иҷрои нақшаи даъват- зиёда аз 70%
Файзобод, 07.04.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Тавилдара нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро 70,1 фоиз иҷро кардаанд.
Тавре ки дар ин бора подполковник Сунатулло Раҳимов, муовини сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Тавилдара ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар нақша 24 нафар ба қайд гирифта шудааст ва дар айни замон 19 нафар сафарбар шудааст, 70,1 фоизро ташкил мекунад.
Ба иттилои манбаъ, аз 19 нафари даъватшуда 16 нафараш ихтиёрӣ ҳозир шуд. Дар назар аст, ки имсол дар ноҳия нақшаи даъват нисбат ба даъвати тирамоҳӣ пештар анҷом меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






