Тавозуни савдо манфӣ ҷамъбаст гардид
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт. Коҳиши мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, сарфи назар аз ин ҳама мушкилоти мавҷуда ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 214,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд мебошад. Воридоти молҳо 751,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,9 фоиз коҳиш ёфт. Дар натиҷа, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 537,2 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳиши талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






