«Тоҷикистон, Баҳор 2015» ифтитоҳ меёбад
Душанбе, 03.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз 9 то 12 апрели соли равон дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор 2015» баргузор мегардад. Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «TOJEXPO» маҳсуб меёбанд.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои мухталифи ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ маҳсулотҳои истеҳсолии худро дар бахши саноати хӯрокворӣ ва нӯшобаҳо, кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сайёҳӣ ба намоиш хоҳанд гузошт.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, инчунин таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






