Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА ду зина поин шуд

Апрель 10, 2015 14:23

Душанбе,10.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 9-уми апрел нашр шудааст, бо 175 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 143-юмро касб кардааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тими мунтахаби Олмон дар ин феҳрист мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Аргентина дар ҷойи дувум ва тими Белгия дар ҷойи севум мебошад. Ба қатори даҳ тими мунтахаби беҳтарини ҷаҳон инчунин Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва  Испания дохиланд. 
Мавқеи тими мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ ду зина поин шуд (ҷойи 22-юм). Дар ин қора Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 40-ум), Ҷопон дар ҷойи дувум (50) ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи севум (57) мебошанд. 
Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи 13-ум буда, пеш аз Қирғизистон (153) ва Туркманистон (159) қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон моҳи март ду бозии дӯстона анҷом дод. Футболбозони тоҷик тими мунтахаби Молдивро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2-0 шикст доданд, вале аз тими миллии Сурия дар майдони худ бо ҳисоби 2-3 мағлуб гаштанд. 
Дар мавриди қуръакашии даври дувуми интихоби қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки рӯзи сешанбеи 14 апрел дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур баргузор мешавад, тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба сабади севум дохил шудааст ва аниқ аст, ки  бо тимҳои Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Молдив, Тайланд, Лубнон ва Ҳиндустон дар як гурӯҳ бозӣ нахоҳад кард. 
Бояд тазаккур дод, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 7- уми  май нашр хоҳад шуд.

Апрель 10, 2015 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!