Тоҷикистон дар сабади сеюми қуръакашии ҶҶ-2018

Апрель 6, 2015 15:40

Душанбе,06.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳафтаи оянда Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) тафсири нави раддабандии моҳи апрелии тимҳои мунтахаби миллиро интишор мекунад, ки натоиҷи он дар қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 барои ҷо ба ҷогузории дастаҳои мунтахаби миллӣ дар сабадҳо истифода хоҳад шуд. Акнун дақиқ маълум гашт, ки тими миллии мо дар ин қуръакашӣ дар сабади сеюм «шинонида» мешавад ва дар марҳилаи гурӯҳии интихобӣ бо тимҳои Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив, Таиланд, Лубнон ва Ҳиндустон рӯбарӯ намешавад.  
Баъди бозиҳои дӯстонаи рӯзи 31-уми март баргузоршуда, маълум гардид, ки дастаҳои мунтахаби миллӣ дар раддабандии навбатии ФИФА, ки рӯзи 9 апрел интишор мешавад, кадом зинаҳоро ишғол мекунанд. Ба иттилои торнамои football-rankings.info, дар варақаи раддабандии навбатии ФИФА, мунтахаби Тоҷикистон аз зинаи 141-ум ба ҷойи 143-юм мефарояд. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев 175 имтиёз доранд, ки нисбати моҳи гузашта 17 имтиёз камтар аст. Дар байни мунтахабҳои осиёӣ низ мунтахаби Тоҷикистон ду мавқеъро аз даст дода, ба ҷойи 22-юм мефарояд.
Ҳамин тарик, дар қуръакашии марҳилаи дуюми интихоби ҶҶ-2018, ки рӯзи 14-уми апрел дар Куала-Лумпури Малайзия доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон ба сабади сеюм меафтад ва аниқ аст, ки дар як гурӯҳ бо тимҳои миллии Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив, Таиланд, Лубнон ва Ҳиндустон бозӣ намекунад.
Инчунин муайян аст, ки мунтахабҳои миллии Эрон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, ИМА, Ӯзбекистон, Чин ва Ироқ ба сабади якум меафтанд.
Тимҳои мунтахаби миллии Арабистони Саудӣ, Умон, Қатар, Урдун, Баҳрайн, Ветнам, Сурия ва Кувайт ба сабади дуюм меафтанд.
Аз сабади чорум мунтахабҳои Тимори Шарқӣ, Қирғизистон, ҶХДК, Мянма, Туркманистон, Индонезия, Сингапур ва ё Бутан, аз сабади панҷум бошад мунтахабҳои Малайзия, Гонконг, Бангладеш, Яман, Гуам, Лаос, Камбоҷа ва ё Тайбеи Чин метавонад рақибонаи дружинаи Муҳаммадиев шаванд.
Акнун бо боварии комил метавон гуфт, ки мувофиқи тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар Русия, тими миллии Тоҷикистон баромадашро дар доираи ин сабқат, 11-уми июн аз бозии хонагӣ бо яке аз дастаҳои сабади дуюм оғоз мекунад.
Даври дуюми марҳилаи гурӯҳиро, ки 16 июн доир мешавад, мунтахаби миллии мо дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади панҷум мегузаронад. Дар даври сеюм, ки 3-юми сентябр доир мешавад, шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев истироҳат мекунанд. Дар даври чорум, ки баргузорияш 8-уми сентябр дар назар дошта шудааст, якеи аз ҳашт мунтахаби миллии пурқудрати футболи Осиё аз сабади якум ба Душанбе ташриф меорад. Даври панҷумро мунтахаби мо санаи 8 октябр дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади 4-ум мегузаронад.
Нимаи дуюми марҳилаи интихобиро мунтахаби мо 13- уми октябр бо яке аз дастаҳои сабади дуюм мегузаронад. Баъд аз ин, боз чор даври дигар дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ доир мешавад, ки тими мунтахаби мо онҳоро дар санаҳои зерин: даври 7-ум (12 ноябр, дар майдони худ, ҳариф аз сабади 5-ум), даври 8-ум (истироҳат мекунад), даври 9-ум (24 марти соли 2016, дар сафар, ҳариф аз сабади якум), даври 10-ум (29 март, дар майдони худ, ҳариф аз сабади чорум) мегузаронад.
Ҳамагӣ дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ футболбозони мо ҳашт вохӯрӣ —  чор вохӯриро дар майдони худ ва чор бозиро дар сафар мегузаронанд.
Ёдовар месозем, ки аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобӣ, 40 мунтахаб ба 8 гурӯҳи 5 дастагӣ тақсим мешаванд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобӣ аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешаванд. Бозиҳои марҳилаи дуюми ихтисосии ҶҶ-2018 аз 11- уми июни соли 2015 то 29-уми марти соли 2016 идома мекунанд.
Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чор дастаи нишондодҳояшон беҳтар, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба Ҷоми Осиё-2019  роҳхат мегиранд ва дар марҳилаи сеюми интихоби ва ҷамъбастии ҶҶ-2018, ки дар Русия баргузор мешавад, мубориза мекунанд.

Апрель 6, 2015 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!