«Тоҷикистон: дастрасии захираҳо барои рушди инсонӣ»-муаррифӣ
Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба Рушди инсонӣ (ҲМРИ) дар соли 2014: «Тоҷикистон: дастрасии захираҳо барои рушди инсонӣ» баргузор гардид.
ҲМРИ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи лоиҳаи муштараки «Татбиқи Консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. Ҳадафи асосии лоиҳа пешбурди Консепсияи рушди инсонӣ дар тамоми сатҳҳо ва махсусан байни шахсоне мебошад, ки бевосита қарор қабул мекунанд ва он ба сифати меъёри асосӣ ва бунёдӣ ҷиҳати муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон эътироф мегардад.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Хикматуллозода зикр намуд, ки муаррифии ҳисоботи мазкур дар соли анҷомёбии татбиқи «Стратегияи миллии рушди ҶТ то соли 2015», ки бо назардошти Ҳадафҳои рушди ҳазорсола таҳия гардидааст, ҳамчунин «Стратегияи баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баргузор мешавад.
Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БР СММ Александр Зуев тазаккур дод, ки ҳангоми омода кардани ҳисоботи мазкур шарикии мунтазам рушдёбанда байни Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ, пеш аз ҳама бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои дигар, ҳамчунин мақомоти минтақавии идора ва ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дода шуд. Дар омода кардани ҳисоботи мазкур сохторҳои СММ, алалхусус, Хазинаи нуфуси СММ ва Созмони байналмилалии меҳнат фаъолона мусоидат намуданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҳисобот барои Ҳукумати ҶТ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва донорҳо манфиатбахш буда, барои ҳалли бомуваффақи масъалаҳои муҳими соҳаи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






