Тоҷикистон Созишномаи СҲШ -ро ба тасвиб расонд

Апрель 29, 2015 14:42

Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар сохтори минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхайро /СҲШ/ 29 апрел палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуд. Сӯҳроб Паноев-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ санади мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки он 9 сол муқаддам- 15 июни соли 2006 аз ҷониби роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар Шанхай /Чин/ ба имзо расида ва аз дебочаю 17 модда иборат мебошад. С. Паноев афзуд, ки дар ҳудуди СҲШ сохтори минтақавии зиддитеррористӣ амал менамояд, ки он мақоми доимии СҲШ маҳсуб мешавад. Сохтори мазкур аз ҳисоби мутахассисони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои СҲШ ташкил шудааст. Вазифаи асосии сохтор ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм аст. Дар ҳудуди сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мақоми салоҳиятдор мубодилаи иттилоотиро амалӣ менамояд, Бо ин мақсад, тибқи Созишнома аз моҳи июни соли 2004 Бонки маълумотдиҳии маҳфузи СҲШ созмон дода шуд, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шудааст. Тибқи муқаррароти созишномаи мазкур дар Бонки маълумотдиҳии маҳфуз иттилооти махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар доираи Созишномаи мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор як зумра чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи иттилоот ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин барои пешгирии ифшои иттилоот ва дастрасиии ғайриқонунӣ ба он такмили доимии барномаи Бонки маълумотдиҳии маҳфуз анҷом дода мешавад. Инчунин дар самти таъсиси низоми маҳфузи алоқаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар байни давлатҳои узви СҲШ корҳои тахассусӣ идома доранд. С. Паноев афзуд, ки бо мақсади таъсиси низоми мазкур тендери пӯшида гузаронида шуд, ки дар натиҷа ширкатҳои пешрафтаи Русия ва Чин интихоб шуданд. Баъд аз таъсис ва гузаронидани санҷиши махсуси низоми маҳфуз, алоқаи иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки алоқаи пӯшида фароҳам оварда шуда, мубодилаи иттилооти махфӣ ба роҳ монда шавад. Дар доираи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ба ҳифзи иттилооте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, инчунин ба иттилооти пешниҳодшавандаи давлатҳо аҳамияти махсус дода мешавад. Зикр шуд, ки ҳифзи иттилоот ба тариқи ҳуқуқӣ ва техникӣ амалӣ мешавад. Зикр шуд, ки маблағгузорӣ ба ин тарҳ аз буҷети СҲШ ҷудо мешавад, ки дар он саҳми Тоҷикистон 6%-ро ташкил медиҳад.

Апрель 29, 2015 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад