Тоҷикистон ва Финлания: тағйири иқлим
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ Ховар, Кристина Эрлих).- Охири ҳафтаи гузашта бо иштироки мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия семинар дар мавзуи Тағйири иқлим ва муҳити зист: ҳамкории байни Тоҷикистон ва Финляндия баргузор гардид.Тавре ки аз Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ба АМИТ Ховар, хабар доданд, семинар иборат аз ду қисм : Аҳамияти заминаи маълумот аз рӯи муҳити зист барои мувофиқ шудан ба тағйири иқлим ва Идораи захираҳои таббиӣ буд.Аз рӯи масъалаи якуми семинар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, дар қисми дуюми семинар, ки раёсати онро сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Хол Ҷумъазода ба ӯҳда дошт, мавзӯҳои Сохтор ва фаъолияти Сарраёсати геология ва Таҳкими идораи захираҳои табиӣ барои беҳбуди миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Ба гуфтаи манбаъ, семинар,ки дар он намояндагони Қирғизистон низ ширкат доштанд, ба таври судманд анҷом ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






