Толори нави консертӣ барои донишҷӯён
Душанбе,01.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 31- уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати ҷумҳуриявии ба номи А. Бобоқулов» маросими кушодашавии толори консертӣ ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии толори консертӣ муовини вазири фарҳанг Б. Одинаева , сардори шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ Г Саидов, роҳбарони муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатмкардагони солҳои мухталиф ва хонандагону устодони Коллеҷ иштирок намуданд.
Дар толори нави консертӣ бо ёрии муаллимон ва хонандагон Муассисаи мазкур консерти бошукӯҳи наврӯзӣ барпо гашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






