Туризми мактабӣ дубора эҳё мегардад
Душанбе, 20.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои соли рушди туризми дохилӣ тасмим гирифтааст туризми мактабиро дубора эҳё намояд. Тавре ки дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, бо ин мақсад ва баҳри фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои бойи туристӣ кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ ва ширкати сайёҳии “Расулсохтмон” 19 апрел 200 нафар муҳасилини деҳаи Лоҳурро барои саёҳат ба шаҳри Душанбе сафарбар кард. Хонандагон зимни саёҳат аз Осорхонаи миллӣ, боғҳои Парчам, Нишон, Рўдакӣ, Китобхонаи миллӣ ва пайкараи Исмоили Сомонӣ боздид карда, роҷеъ ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ маълумот пайдо намуданд. Ҳамзамон дар доираи ин саёҳат муҳассилини макотиби миёна аз Боғи ботаникии Ирам дидан карда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва базми гулҳо иштирок намуданд. Гуфта мешавад чунин барномаҳо дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби сохторҳои маҳалии кумита то охири сол мунтазам баргузор мешаванд, ки барои рушди туризми дохилӣ мусоидат хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






