Убайдуллоев — ғолиби Ҷоми Пойтахт оид ба теннис

Апрель 27, 2015 09:35

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар мусобиқаи кушода байни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 25-26 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе доир шуд.
Гуфта мешавад, ки Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ — Ҷоми Пойтахт, медали тилло ва туҳфаҳо  сарфароз гашт. Ба Раҷабмадов барои ҷойи дуюм ҷому медали нуқра ва туҳфаҳо супурда шуданд.
Амирҷон Убайдуллоев, бародари хурдии Ҷамолиддин, ки муовини мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи сеюм ва Баҳодур Ҳомидов, прокурори ноҳияи Синои Душанбе, ҷойи чорумро гирифтанд. Ҳарду бо ҷому медалҳои биринҷӣ ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. 
Ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа ва ҳайати доварон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин туҳфаҳои Ширкати мобилии «Мегафон” супурда шуданд.
 
 

Апрель 27, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд