“Вакхабонувон” дар театри Конибодом
Хуҷанд, 28.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- “Вакхабонувон”- чунин ном дорад намоишномаи наве , ки дар театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом таҳия шуда истодааст.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи фарҳанги шаҳр итттилоъ доданд, намоишнома аз рӯи асари драматурги Юнони қадим Еврипид омода шуда, коргардони маъруфи Осиё Авлиёқулӣ Хоҷақулиев ҳоло ҷиҳати таҳия ва ба саҳнагузории ин намоишнома дар театри шаҳри Конибодом қарор дорад.
Муҳтавои намоишнома фалсафаи ҳаётӣ дошта, ғояҳои миллӣ, ахлоқу фарҳанги хоссаи на танҳо як миллат, балки тамоми инсониятро дар бар мегирад. «Вакхабонувон» ном гирифтани намоишнома аз он аст, ки дар намоишнома бештар занон нақш офаридаанд. Намоишнома дар нимаи моҳи май омода ва пешкаши дӯстдорони ҳунари театрӣ хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






