Вакилон ба қонуни ҶТ дар бораи буҷаи давлатӣ ислоҳот ворид мекунанд
Душанбе,07.04.2015(АМИТ«Ховар»Марзия Саидзода),- 6 март дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҶТ масоили ба буҷаи давлатии соли 2015 ворид намудани ислоҳоти нав мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре, ки аз палатаи поёнии Парлумони ҶТ ба АМИТ «Ховар » хабар доданд, ислоҳот ба қонунҳои ҶТ « Дар бораи суғуртаи мутақобила» ва «Дар бораи рӯзҳои ид», баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар амри амнияти иттлоотӣ, Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон дар бораи хамкорӣ дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният муҳокима шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳайати Комисияи экологии Маҷлиси намояндагон ва ҳайати Комисияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакил интихоб гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






