Варзишгарони тоҷик аз Туркия бо 10 медал баргаштанд
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Рӯзҳои 18-19-уми апрели соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-кёкушинкай баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 варзишгар бо роҳбатии Ҳикмат Кароматов, президени Федератсияи ин якҳарбаи шарқӣ сарфарбар шуданд. Варзишгарони тоҷик бо ба даст овардани 10 медал- 4 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, ки онҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳа ва хешону наздикон бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз миёни хурдсолон нахуст медали тиллоро Муҳаммади Нурулло ба даст овард. Муҳаммад дар вазни 25 кг баромад карда, бо шикаст додани 4 ҳарифаш зинаи аввалро ишғол кард ва бо медали тилло сарфароз гардид.
Иштироки варзишварони тоҷик дар чунин мусобиқот як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ-кёкушинкай ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба наздикӣ дар ИМА баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Ҳикматулло Кароматов ширкати варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқа баҳри роҳхат гирифтан ба Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Маскави ФР арзёбӣ намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






