Вазъияти мураккаб дар Яман
Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Вазъият дар Яман рӯз аз рӯз мураккаб мешавад. Дар давоми 7 рӯзи гулӯлаборон кардани ҳудуди ин мамлакат аз ҷониби неруҳои эътилоф дар Яман зиёда аз 180 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захми гуногун бардошт. Гуфта мешавад, ки шумораи қурбониён торафт меафзояд. Ба гуфти Созмони ЮНИСЕФ тайи ҳафтаи сипаригардида дар Яман бар асари даргириҳо 62 наврас ба ҳалокат расид. Намояндагони ин созмони маъруфи ҷаҳонӣ вазъиятро дар Яман ниҳоят ташвишовар арзёбӣ мекунанд.
Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҳудуди Нигерия гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» боз ба амалҳои террористӣ дар ҳудуди штатҳои Йобе ва Гомбе даст зад. Тибқи иттилои расида, бар асари таркишҳо 15 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Вазъи саломатии чанд нафар аз захмиёнро кормандони соҳаи тибб ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. Қаблан дар робита ба содир гардидани амалҳои террористӣ дар штатҳои номбурда ҳукуматдорон ҳолати фавқулода эълон карданд.
Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои масъулини Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Перу бар асари офати табиӣ ва боришоти пай дар пайи борон сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, ба 3 минтақаи аҳолинишин Тумбес ва Мокегуна, воқеъ дар марз бо Эквадор ҷорӣ гардид. Гуфта мешавад, ки дар вақти омадани сел 28 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар дар рӯйхати бедаракгардидагон шомил аст. Инчунин дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида 1 ҳазору 200 бинои истиқоматӣ зери обу гил мондааст. Ҳукуматдорони Перу дар робита ба номусоид гардидани ҳаво ва обхезии шадид дар 3 минтақа ҳолати фавқулода эълон карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






