Вазорати молия натоиҷи фаъолияти молиявиро ҷамъбаст кард
Душанбе,21.04.2015.(АМИТ“Ховар”,Кристина Эрдих).- Охири ҳафтаи гузашта дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати раёсат аз рӯи натоиҷи семоҳаи якуми соли 2015 баргузор гардид.
Назар ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, муовини вазири молия Меҳринамо Ҷонмамадова аз натоиҷи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ва вазифаҳо оид ба рушд ва истифодаи судманди маблағҳои давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2015 ва вазифаҳои пешорӯ дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ гузориш дод.
Вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбониён дар навбати худ, ба кормандони масъули вазорат ҷиҳати сари вақт ва хушсифат иҷро шудани Буҷаи давлатӣ дар семоҳаи дуюм ва дар маҷмӯъ соли 2015 супоришҳои мушаххас дод.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






