ВКД ҶТ: қаҳрамонон фаромӯш намешаванд
Душанбе, 30.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» баргузор гардид, ки дар он иштирокчии ҷанг ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Голиков Николай Петрович, намояндагони Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи мазкур ширкат варзиданд.ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар конфронс сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода аз қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои фарзандони халқи тоҷик дар баробари дигар миллату халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои ғалаба ва ба даст овардани музаффарият бар фашизм ёдовар гардид.Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Голиков Николай Петрович зикр кард: ҳар гоҳе, ки 9-уми май фаро мерасад, ба ёди ҳар як фарди ватандӯст солҳои ҷанги хонумонсӯз ба хотир мерасад. Ин ҷанге буд, ки дар таърих ҳамто надошт ва онро ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном мебаранд.Дар ҷараёни конфронс зикр шуд, ки аз Тоҷикистон дар ин ҷанг баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ 280 ҳазор нафар ҷони худро фидо сохт ва ҳазорон нафар бо тани захмӣ ва ҷароҳатҳо аз ҷанг баргаштанд. Дар ақибгоҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон барои фронт, барои Ғалаба меҳнат мекард, то ки душман Ватани азизи моро соҳиб нагардад.Бояд зикр намуд, ки конфронс дар сатҳи баланд доир гардида, собиқадорони ҷангу меҳнат аз кору пайкор ва корнамоиҳои ҷабҳаи ҷангу набард ба насли ҷавони милитсия нақл намуда, онҳоро ба далерию шуҷоат ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






