ВКД ҶТ: Савгандёдкунии ҷавонони бошарафу матинирода
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар қисми ҳарбии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории соли 2015 баргузор гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар ин маросим фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Муҳаммадзода Хуршед Изатулло, собиқадорон, меҳмонон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд.
Наваскарон барои хизмати софдилона, садоқат ба Ватан ва аз худ намудани вазифаҳои хизматӣ савганд ёд карданд, ки ин муқаддасоту ифтихор, покию беолоишӣ ва нангу номуси ҳар як сарбоз хоҳад буд.
Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Хуршед Муҳаммадзода иброз дошт, ки ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи Шумо — ҷавонон вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.
Сипас, бо гузашти идона ва намоиш додани машқҳои низомии наваскарон маросим анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






