Вохӯрӣ перомуни масъалаи занҳои каноргузошта

Апрель 29, 2015 10:52

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Семинари иттилоотии занҳои каноргузошта дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Королина Клучевский, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати дар ноҳия Дилшод Фаттоев, сардори Агентии шуғли аҳолии ноҳия Қаноатшо  Қаландаров  ва Сайдалӣ Сайдраҳмонов, роҳбари Ассотсиатсияи «Сурхоб» сухан гуфтанд. Роҳбари  Ассотсиатсияи «Сурхоб» Сайдалӣ Сайдраҳмонов зикр намуд, ки имрўз муҳоҷироне ҳастанд, ки солҳои дароз дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият намуда, аз аҳволи фарзандонашон хабар намегиранд. Бисёр фарзандҳо ба синни 4-5 расидаву то ҳол падари худро надидаанд. 
   Аз ин лиҳоз, Ассотсиатсияи «Сурхоб» ба қадри имкон ба чунин оилаҳо кумаки худро дареғ намедоранд.  Аллакай чанд рўз пеш, ба ин оилаҳо ба миқдори зарурӣ кумакҳои ғизоӣ расонида шуданд. 
Сайдалӣ Сайдраҳмонов  гуфт, ки машварати имрўза ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр бамаврид мебошад. 
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Дилшод Фаттоев дар бораи қонунҳои нави Федератсия Русия, буду боши шаҳрвандон, тарзи дурусти гирифтани Сертификат, патент, аз ташхиси тиббӣ гузаштан, бо корфармо шартнома бастан маълумоти муфассал дод. 
Ў гуфт, ки пеш аз сафар ҳар як сокини ноҳия, ки омодаи сафар аст, бояд ҳатман ба бахши Хадамоти муҳоҷират омада, шиносномаи худро санҷад, ки мабодо дар рӯйхати мамнуъшудагон ворид нашуда бошад. Дар айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки алҳол шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, робитаи зич дошта бошад.   
Сардори Агентии шуғли аҳолии ноҳия Қаноатшо  Қаландаров  дар бораи бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷироне, ки сафарашон ба Федератсияи Русия манъ аст, сухан гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ     иттилоъ дод. 
 
 
 

Апрель 29, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд