Вохӯрии Анвар Бобоев бо Субҳон Кошонов
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев 22-юми апрел бо раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Субҳон Кошонов вохӯрд. Зимни вохӯрӣ тарафҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва саҳмгузории бевосита дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа фаъолияти корӣ доранд, суҳбат оростанд.
Сардори хадамот Анвар Бобоев дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», ки тибқи муқаррарот ҳар нимсола ҷамъбаст шуда, маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, иттилоъ дод.
Анвар Бобоев аз раиси кумита Субҳон Кошонов хоҳиш намуд, ки ҷиҳати пайдо намудани маълумоти пурра оид ба ҳамватанон ва ҷамъиятҳои бурунмарзие, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус, Британияи Кабир, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳои дуру наздик ба қайд гирифта шудааст, мусоидат намояд.
Субҳон Кошонов зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабононӣ ҷаҳон «Пайванд» омодааст ҳамкориро бо Хадамоти муҳоҷират мустаҳкам намуда, дар ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар мусоидат намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






