Вохӯрии М. Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-27 апрел раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Гулмаҳмадзода дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо донишҷӯёни ноҳия, ки аз тариқи квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе таҳсил доранд, вохӯрд.Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, М. Гулмаҳмадзода гуфт, ки ҳукумати ноҳияи Темурмалик ҳамеша аз аҳволи донишҷӯён бохабар буда, пайваста онҳоро дастгирӣ менамояд. Зикр гардид, ки имрӯз тамоми шароитҳо барои таҳсили донишҷӯён муҳайё буда, танҳо аз онҳо талаб мешавад, ки ҳамеша аз паи омӯзиши илм ва дарёфти донишҳои замонавӣ бошанд. Донишҷӯён бояд ба қадри дастовардҳои истиқлолият ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар бирасанд ва мутахассисони соҳибтахассус шуда, ба маҳалли зисташон баргашта, ба халқу миллати хеш хизмат кунанд.Мавриди зикр аст, ки аз ноҳияи Темурмалик тибқи квотаи президентӣ дар макотиби олии шаҳри Душанбе 85 нафар донишҷӯ таҳсили илм менамояд, ки аз онҳо як нафараш дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мехонад.Дар анҷом раиси ноҳия барои ҳавасмандӣ ба донишҷӯён кумакпулӣ супорид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






