Як рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона
Душанбе, 03.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-5 апрели соли равон дар кишвар рўзи дарҳои кушоди осорхонаҳо зери унвони «Як рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» доир мегардад, ки сокинон метавонанд аз осорхонаҳо ройгон дидан намоянд.
Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ба роҳ монда шуда, мақсад аз баргузории чорабинӣ рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, инчунин ҷиҳати саҳмгузорӣ ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонону наврасон арзёбӣ мегардад.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дар қатори дигар самтҳо соҳаи сайёҳӣ- туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ низ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гардидааст.
Дар робита ба ин, дар кишвар «Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 2015-2017», Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Тоҷикистон дар соли 2015 қабул гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи он чорабиниҳо минбаъд низ роҳандозӣ мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






