Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар Истаравшан
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахши Хадамоти мухоҷират дар шаҳри Истаравшан, бахшида ба Иди 1-уми май дар назди бинои Литсеи касбӣ-техникии №14, дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.
Дар ярмарка корхонаву муасисаҳои шаҳри Истаравшан иштирок намуда, ҷойҳои кориро ба шаҳрвандон пешниҳод намуданд.
Ба 7 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта роҳхат дода шуда, бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Ба 5 нафар ба Маркази таълими калонсолон ҷиҳати омўзиши касби барқчӣ тавсия дода шуда, онҳо номнавис шуданд.
Тибқи нақша бахшида ба дигар идҳо низ чунин ярмаркаҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






