Ёрии дорусозони Хатлон ба мӯҳтоҷон
Душанбе, 01.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Корхонаҳои дорусозии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ифтихори иди Наврӯз ба муассисаҳои табобатӣ ва маъюбон ёрӣ расониданд.
Назар ба иттилои Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти дорусозии вилояти Хатлон, ёрӣ ба касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа дар шакли маводи ғизоӣ ва дорувор расонида шуд. Корхонаҳои дорусозии ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён ба мактаб — интернатҳои ноҳияҳои зикршуда ва дорусозони ноҳияи Ҷомӣ ба 70 нафар маъюбони маркази маҳаллии эҳё дасти ёрӣ дароз карда, маъюбонро дастгирӣ намуданд.
Соҳибкори бахши дорусозии ноҳияи Ёвон ба хонаи кӯҳансолон 52 номгӯи доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш сохташударо тақдим кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






