Зӯроварии хонаводагӣ ва пешгирии он
Душанбе, 10.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, бо мақсади пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» дар кумита дар мавзӯи «Зӯроварии хонаводагӣ: кор дар самти ҳолатҳои дучоршавии занон бо зӯроварӣ дар хона» бо иштироки коршиноси байналхалқӣ, мутахассиси соҳаи гендер аз Ҷумҳурии Молдова семинар баргузор гардида, он 8 апрели соли равон корашро ҷамъбаст намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кумита, рӯзҳои 6 ва 7 апрел семинар барои рӯзноманигорон ва намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва рӯзи 8 барои мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони маҳалҳо гузаронда шуд.
Иштирокдорон аз чунин як семинари муфид изҳори қаноатмандӣ намуда, арз доштанд, ки малакаву донишҳои андӯхтаро дар баррасии масъалаи мазкур дар маҳали зист ба роҳ мемонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






