Зарурати омўзиши математика дар мактабҳои олӣ
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 11 апрел дар мавзӯи «Омўзиши математика ва тайёрии иқтисодии донишҷўёни мактабҳои олӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров гуфт, ки омӯзиши матеметика барои толибилмони риштаи иқтисодӣ хеле зарур аст. Ҳамид Маҷидов, профессори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Тарбияи иқтисодии донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсилот», Нурулло Усмонов, профессори ДМИТ дар мавзӯи «Масъалаи ёфтани капитал аз рўи инвеститсияи тоза (маблағгузорӣ)» ва Бобоалӣ Шарипов дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи «Татбиқи муодилаи дифференсиалӣ дар ҳалли як масъалаи иқтисодӣ» маърўза намуданд.
Зикр шуд, ки бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар устодон ва роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намуда, доир ба масъалаи омўзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






