Ғалабаи «Барселона» бар дастаи «Атлетико»
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Дастаи «Барселона»-и Испания дар меҳмонӣ дастаи «Атлетико»-и Мадридро дар чаҳорчӯбаи даври 37-уми мусобиқоти «La Liga» бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, қаҳрамони Испания гардид. Ёдовар мешавем, ки голи ягонаро дар ин сабқат ҳамлагари Аргентинӣ Лионел Месси баъд аз партофти Педро ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, дастаи «Барселона» 93 хол ба даст оварда, барои дастаи «Реал»-и Мадрид, ки бо 89 хол дар зинаи дуюм қарор дорад, дастнорас шуда, як давр қабл аз анҷоми мусобиқоти «La Liga» қаҳрамони Испания гардид. Бояд зикр кард, ки дастаи «Барселона» бо 65 ҷоиза серунвонтарин клуби Испания аз рӯйи шумораи умимии ҷоизаҳои расмӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, он 23 ҷоми «Ла Лига», 26 Ҷоми Испания, 11 ҷоизаи Суперҷоми Испания, 2 ҷоми Эва Дуарте (собиқ Суперҷоми Испания), 1 ҷоми Копа де Оро Аргентина (собиқ Суперҷоми Испания), 2 ҷоми Лигаи Испания –ро низ ба даст овардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






