Ғалабаи «Далерон-Ӯротеппа» бар «Барқи тоҷик»-и Душанбе
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар бозии мавқуфгузоштаи даври якуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанберо бо ҳисоби 2-0 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки голҳоро Акуффо Гершон, легионери африқоӣ аз Гана дар нимаи аввали бозӣ ва Меҳрулло Бобоев дар нимаи дувум ба ҳадаф расониданд. Баъди ин ғалаба дастаи “Далерон-Ӯротеппа” бо 11 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи панҷум баромад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






